Logo
Дилноза Исмоилова
25 дн. назад
Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва куштори як ноболиғи даҳсола

Пулиси вилояти Хатлон аз боздошти як марди 35-сола хабар дод, ки ба таҷовуз ва куштори ноболиғи даҳсолае дар ноҳияи Восеъ гумонбар мешавад.

Ин ниҳод рӯзи 5-уми май гуфт, Хайриддини Қурбоналӣ, сокини ҷамоати Бобошоҳиёни ин ноҳия, аз оҷизии ноболиғ истифода бурда, ҳангоми аз мактаб баргаштанаш ӯро “дар ҷойи беодам”-е таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст. Дар натиҷа наврас ҷони худро аз даст додааст.

Ба иттилои мақомот, ҷасади ноболиғ рӯзи 29-уми апрел аз заминҳои хоҷагӣ пайдо шудааст.
Нозанин Гафурова
Это ужасно и очень печально. Таких людей нужно наказывать строго. Надеюсь, справедливость восторжествует.
24 дн. назад

Ответов пока нет!

Похоже, что к этой публикации еще нет комментариев. Чтобы ответить на эту публикацию от Нозанин Гафурова, нажмите внизу под ней