Logo
Саид Турсунов
“Бо чӯбдаст ба сарӯ рӯяш задааст”. Боздошти як зан дар Ашт бо гумони куштори шавҳараш

Вазорати корҳои дохилӣ як зани 48-сола аз ноҳияи Аштро бо гумони куштори шаваҳраш боздошт кардааст.

Ин ниҳод рӯзи 5-уми апрел аз гумонбар Гулрухсор Ҷабборова ном бурда, гуфт, ӯ бо Фурқат Саломов, шавҳари 56-солааш аз ҳамин ноҳия, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт, ҷанҷол кардааст.

Дар пайи ин, ба гуфтаи Вазорат, гумонбар бо чӯбдасте “аввал ба пой ва баъдан ба сару рӯйи шавҳараш зарба задааст, ки дар натиҷаи хунравии зиёд Фурқат Саломов дар бемористон” ҷон бохтааст.
25 дн. назад

Ответов пока нет!

Похоже, что к этой публикации еще нет комментариев. Чтобы ответить на эту публикацию от Саид Турсунов, нажмите внизу под ней