Logo
Фарход Назаров
1 мс. назад
Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Дирӯз, 27-уми апрел, раиси як хоҷагии деҳқонӣ дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду ҳамдеҳаашро бо милтиқи шикорӣ захмӣ кардааст. Ҳардуи онҳо ҷон бохтаанд.

Имрӯз, 28-уми апрел, Абдуқаҳҳор Абдуҷалилов, муовини раиси ҷамоати Хистерварз дар суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” ҳодисаро тасдиқ кард.

Ба иттилои ӯ, Хуршед Мавлонови 46-сола, раиси хоҷагии деҳқонии Зоидбой Каримови деҳаи Хистеварз ба куштори ду сокини ин деҳа – Наимҷон Ҳоҷибоеви 47-сола ва Шариф Султонови 41-сола гумонбар аст.
Умед Усманов
афсӯс ки то куҷо мерасад бераҳмӣ бо ҳамдеҳаҳо. аз кӣ ҳифз кунад милтиқ агар на аз худ.
29 дн. назад

Ответов пока нет!

Похоже, что к этой публикации еще нет комментариев. Чтобы ответить на эту публикацию от Умед Усманов, нажмите внизу под ней