Logo
Азиза Юсупова
3 дн. назад
️Оғози парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе – Уфа – Душанбе

Аз 9-уми апрели соли 2026 парвози нави мунтазам дар самти Душанбе — Уфа — Душанбе оғоз мегардад. Дар ин бора ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” хабар додааст.

Ин ширкат гуфтааст, ки парвозҳо ҳафтае як маротиба — рӯзҳои панҷшанбе анҷом дода мешаванд.

Қаблан, рӯзи 25-уми март “Сомон Эйр” хабар дода буд, ки парвозҳоро рӯзи 3-юми апрел оғоз мекунад, вале дар як иттилоияи дигар, ки рузи 28-ум март нашр шудааст, гуфта мешавад, ки парвозҳо 9-уми апрел оғоз мегардад. Кушишҳои мо барои рузи аниқи парвозҳо аз ин ширкат бенатиҷа анҷомид.
Ширин Одинаева
звучит круто теперь еще один маршрут на карте но несостыковки с датами немного сбивают с толку надеюсь все уладят и полеты будут по плану✈️
21 ч. назад

Ответов пока нет!

Похоже, что к этой публикации еще нет комментариев. Чтобы ответить на эту публикацию от Ширин Одинаева, нажмите внизу под ней